Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақби "Истиқлол" 15 июн баста мешавад


Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, барои таъмири пурраи нақби “Истиқлол” равуо тариқи ин роҳ то се моҳ қатъ хоҳад шуд. Аз вазорат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин роҳ 15 июн баста шуда ва равуо тариқи ағбаи Анзоб сурат хоҳад гирифт. Абдумаҷид Шарифов, мудири муассисаи давлатии корхонаҳои сохташавандаи Тоҷикистон, 4 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло идораи Бозрасии давлатии автомобилӣ як комисися таъсис додааст ва роҳи ағбаро барои убуру мурури дуҷонибаи мошинҳо месанҷад. Шамсиддин Назриев, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон низ гуфт, барои ошноӣ бо вазъи гарданаи Анзоб аз тарафи ноҳияи Айнӣ ба пойтахт омадааст ва ба гуфтаи ӯ ҳеч мушкил дар роҳи ағба вуҷуд надорад. Нақби “Истиқлол” 23 марти соли 2006, баъди сӯрох кардани кӯҳ ва ба охир нарасондани корҳои нотамомаш ба истифода дода шуд. Сохтмони он соли 1989 дар охирин солҳои Шӯравии пешин шурӯъ шуда буд, вале баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон ба сабаби нооромиҳо ва камбуди сармоя сохтмони он боздошта шуд ва танҳо соли 2003 бо ёрии молӣ ва фаннии Эрон кори он аз сар гирифта шуд. Эрон 31 миллион доллар ихтисос дод, ки 10 миллиони он кумаки ройгон ба Тоҷикистон дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG