Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбеву Кобул масоили амниятиро баҳс карданд


Тоҷикистон ва Афғонистон тавофуқ карданд, ки дар амри мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ хоҳанд кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин нуқта дар мулоқоти рӯзи чаҳоршанбеи вазири умури дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳамтои афғонаш Нурулҳаққ Улумӣ дар Душанбе баррасӣ шуд. Манбаъ мегӯяд, ки дар гузашта миёни ду кишвар созишномаҳо дар амри мубориза бо ҷинояткорӣ имзо шуда ва ҳоло ин ҳамкориҳо боз ҳам тақвият ёфтааст. Аз ҷумла соли 2005 cозишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин соли 2014 созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷанба байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон ба имзо расида буд. Вазири умури дохилии Афғонистон Нурулҳаққ Улумӣ ҷиҳати ширкат дар нишасти вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Душанбе омадааст. Ин ҷаласа рӯзҳои 4-6 июн баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG