Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полторак: Ҳамлаи ҷудоихоҳон ноком шуд


Степан Полторак
Степан Полторак

Степан Полторак, вазири дифои Украина рӯзи 3 июн хабар дод, ки нерӯҳои украинӣ бидуни талафот ҳамлаи ҷудоихоҳон ба шаҳри Марйинкаро баргардониданд. Ба гуфтаи ӯ, дар задухӯрд фақат ҳафт низомӣ ҷароҳат бардоштааст.

Степан Полторак афзуд, ки субҳи рӯзи чаҳоршанбе ҷудоихоҳон ба таври ғайричашмдошт фаъол шуданд ва аммо гап сари ҳамла дар ҳама тули хатти ҷабҳа намеравад.

Ситоди кулли артиши Украина ба низомиён иҷоза дод, ки дар шаҳрҳои Марйинка ва Красногоровка аз тӯпхона истифода баранд.

Аз ин пеш дар шарқи Украина, дар минтақаи таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ, бар асари тирандозӣ миёни низомиён ва ҷудоихоҳони рустабор ду соини осоишта ҷон бохтанд. Ба иттилои Геннадий Москал, раиси вилояти Луҳанск, рӯзи 3 июн ба мошине, ки зану шавҳари кӯҳансол савори он буданд, гулулаи миномёт расид. Ин ҳодиса дар 20 километрии хатти ҷабҳа рӯй додааст.

Ҷудоихоҳони вилояти Донетск хабар доданд, ки аз оташи тӯпхона дар шаҳри Енекеев як сокини маҳаллӣ кушта ва як нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Дар ин ҳамла тақрибан 20 бино осеб диданд.

Бо вуҷуди созиши оташбас, ки моҳи феврал дар шаҳри Минск ҳосил шуд, дар Донбасс даргириҳои ҷудогона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳон идома доранд.

Ба иттилои расмӣ, шурӯъ аз моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Украина 6400 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG