Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи беш аз 4 тонна бағочи мусофирон дар Маскав


Танҳо дар моҳи май дар фурудгоҳҳои “Домодедово”, “Шереметево” ва “Внуково”-и шаҳри Маскав, пойтахти Русия аз бағочи мусофирон аз кишварҳои Озарбойҷон ва Узбакистону Тоҷикистон беш аз 4 тонна маводи мамнӯъ ва 50 ниҳол мусодира шудааст. Идораи Росселхознадзор гуфтаст, ҷамъи меваву сабзавот, кабудӣ, чормағзу хушкмевае, ки маъмурони шӯъбаи назорати карантиву фитосанитариаш аз ин мусофирон гирифтаанд, 4 тоннаву 130 килоро ташкил медиҳад. Мақомоти Росселхознадзор мегӯянд, ин маҳсулоти мусодирашуда ҷавобгӯи меъёрҳои беҳдоштӣ набуд ва баъзеаш ҳатто кирм зада буд.

Русия ба қаламраваш даровардани даҳҳо навъи маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ, тухмӣ ва зираро манъ кардааст.

XS
SM
MD
LG