Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо анҷоми як сафари расмӣ ва ширкат дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт», ки дар Душанбе доир мешавад, ба Тоҷикистон меояд. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, рӯзҳои 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Қарор аст дар конфронси Душанбе ҳайатҳои 72 кишвари узви СММ ва намояндагони 50 созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат намоянд.

Манобеъ дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3 июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин сафар мулоқотҳои Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо мақомоти баландпояи кишвар дар назар аст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энержӣ, нақлиёт ва масоили амнияти минтақавӣ, дар меҳвари ин гуфтугӯҳо қарор хоҳад дошт. Манобеъ дар сафорати Афғонистон низ сафари қарибулвуқӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистонро таъйид карданд.

Сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон боздиди баландтарин мақоми ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон аз замони таъсиси он дар моҳи сентябри соли гузашта ба шумор меравад. Ин ҳам дар ҳоле, ки тайи моҳҳои ахир манотиқи шимолии Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон шоҳиди нооромиҳо будааст ва ҳамакнун дар вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшон миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳ, ки дар миёни онҳо ҷангиёни Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикҳо низ ҳузур доранд, даргириҳо идома дорад.

XS
SM
MD
LG