Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зидди Раҳима Шалоэр бетағйир монд


Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 6 соли зиндон дар нисбати Раҳима Шалоэр -- овозхони маъруф ва артисти халқии Тоҷикистонро бетағйир гузошт. Абдураҳим Бобохонзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе имрӯз, 3 июн мурофиаи додгоҳии хонум Шалоэрро пушти дарҳои баста баррасӣ карда, ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро дар нисбати ӯ бетағйир гузошт. Ба иттилои вакилони мудофеи Раҳима Шалоэр, дар сурати пардохти маблағи шахси шикояткунанда, додгоҳ метавонад ҳукми худро тағйир диҳад. Ба гуфтаи онҳо, зерҳимояашон Раҳима Шалоэр омодааст, ки як қисмати пулро баргардонад, вале ду шарики вай, ки низ маҳкум ба зиндон шудаанд, ба ин розӣ нестанд.

Чанде қабл додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Раҳима Шалоэрро бо иттиҳоми қаллобӣ, ба 8 соли зиндон маҳкум намуд ва тибқи қонуни авф 2 соли онро ихтисор ва 6 соли зиндонро дар нисбати вай таъин кард. Раҳима Шалоэр ҳамроҳи ду нафари дигар Акбар Шарифов ва Шаҳноза Ҳусейнова бо моддаи 247 Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ) айбдор дониста мешавад. Шарикони Шалоэр Акбар Шарифов ва Шаҳноза Ҳусейнова 10 солӣ равонаи зиндон шудаанд.

Гуфта мешавад, Раҳима Шалоэр бар асоси шикояти Оиша Абдуллоева як сокини пойтахт, ки гуё Раҳима Шалоэр аз вай 35 ҳазор доллар гирифта вале саривақт пас нагардонидааст, ба маҳкама кашида шудааст. Наздикони Раҳима Шалоэр ва вакили дифои ӯ аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро дар нисбати модарашон ноодилона хонда ба додгоҳ шаҳри Душанбе шикояти истинофӣ бурда буданд. Раҳима Шалоэр аз овозхонҳои собиқи дастаи овозадори "Гулшан" аст, ки дар аҳди шӯравӣ дар Тоҷикистон машҳур буд.

XS
SM
MD
LG