Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раёсати вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи чоршанбеи 3-юми июн дар роҳу шоҳроҳҳои шимоли Тоҷикистон амалиёти густардаеро ҷиҳати ошкор кардани нақзи қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, роҳандозӣ кард. Дар ин амалиёт барои бори аввал намояндагони расонаҳои дохиливу хориҷӣ дар Хуҷанд ба ҳайси нозир ҷалб карда шуданд. Мақомоти пулис мегӯянд, ҳадафи аслии ин амалиёт, ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҷомеа ба риояи қоидаҳои ронандагӣ ва пиёдагардӣ ҳангоми убур аз роҳҳои мошингард ва коҳиши садамаҳои нақлиётиву ҳифзи ҷони одамон аст. Ин дар ҳолест, ки солҳои охир садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои маргбор дар вилояти Суғд афзоиш доштааст. Бехатарии давлатии автомобилӣ - ГАИ мегӯяд, дар 5 моҳи аввали соли гузашта дар роҳҳои нақлиётии шимоли Тоҷикистон 108 садамаи нақлиётӣ рух дода, 45 нафар фавтида ва 101 нафар ҷароҳатҳои мухталиф бардошта буданд. Имсол дар ҳамин давра 137 садама ба қайд гирифта шуда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3 нафар зиёд кушта шуда ва 50 нафар бештар маҷруҳ бар ҷой гузоштааст.

XS
SM
MD
LG