Пайвандҳои дастрасӣ

Интерпол – Полиси Байнулмилал рӯзи 3 июн бо дархости ИМА дастури боздошти шаш нафар аз масъулони ФИФА – Федератсияи анҷуманҳои байнулмилалии футболро ироа кард. Гуфта мешавад, барои боздошти ду тан аз мансабдорони воломақоми ФИФА ва чаҳор корманди аршади он “дастури сурх” дода шудааст ва бахшҳои Интерпол дар ҳама кишварҳои олам масъуланд, ки ин афродро ҷустуҷӯ ва билофосила дастгиркунанд.

Ба феҳристи Интерпол муовинони пешини раиси ФИФА Ҷек Уорнер аз Тринидад ва Тобаго ва Николас Леоз аз Парагвай, ҳамчунин кормандони аршад Алехандро Бурсако, бародарон Ҳюго ва Мариано Хинкис ва Хосе Маргулис шомил шудаанд.

Дастури Интерпол як рӯз баъд аз он ироа шуд, ки Зепп Блаттер, раиси ФИФА, дар бораи тарки мақомаш хабар дод. Ӯ ҳамагӣ чанд рӯз дубора дар ин мақом интихоб шуда буд.

Рӯзи 27 май Додситонии кулли Швейтсария хабар дод, ки алайҳи чанд нафар аз раҳбарони ФИФА бо гумони сӯистифода аз мақом ва шустушӯи пул дар робита ба пардохти "ҷоизаҳо" дар ивази ба даст овардани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, дар Қатар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Аз ин пеш идораи адлияи Швейтсария (FOJ) аз боздошти 7 мақоми футбол бо дархости мақомоти Амрико хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG