Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 400 тан аз мусофирони киштии “Ситораи Шарқ”, ки шоми душанбе дар рудхонаи Янтзии Чин ғарқ шуд, то ҳол бе ному нишонанд. Дар ин бора мақомоти Чин рӯзи 3 июн хабар доданд. Ба иттилои расмӣ, 14 нафар аз мусофирон наҷот дода шуданд, ҳамчунин 13 ҷасад ошкор гардид. Дар киштии “Ситораи Шарқ” 457 нафар ҳузур доштанд.

Расонаҳои чиноӣ менависанд, ки рӯзи сешанбе аз дохили киштии ғарқшуда садоҳои имдодталабонаш ба гӯш мерасид. Наҷотбахшон талоши тавассути кран аз қаъри рудхона баровардани киштиро доранд, ғаввосон дар дохили киштӣ дар ҷӯстуҷӯи мусофирони зиндамондаанд.

Киштӣ аз шаҳри Нанкин сӯи Чунтсин ҳаракат мекард ва вориди минтақаи сиклон шуд - ҳаракати шамол дар рӯдхона ба 130 километр дар як соат мерасид. Ба гуфтаи капитани киштӣ, ки наҷот ёфтааст, «Ситораи Шарқ» тайи ду дақиқа ба зери об рафт.

Расонаҳои чиноӣ менависанд, ки фоҷиаи «Ситораи Шарқ» - мудҳиштарин дар ҳафтод соли ахир аст.

XS
SM
MD
LG