Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен: 10 ҳазор узви ДИИШ кушта шудаанд


Энтонӣ Блинкен
Энтонӣ Блинкен

Аз ибтидои маъракаи Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони ИМА алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия беш аз даҳ ҳазор ситезаҷӯёни ин гурӯҳ кушта шудаанд. Зарбаҳои ҳавопаймоҳои Эътилоф ба мавқеъҳои ДИИШ моҳи сентбяри соли гузашта шурӯъ шуда буданд. Муовини вазири умури хориҷии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 3 июн дар сӯҳбат бо радиои Фаронса, пас аз анҷоми конфаронс оид ба мубориза бо ДИИШ дар Порис, гуфт, ки Эътилоф дар муқовимат бо ситезаҷӯён пешрафти назаррас дорад. Ҳамзамон ӯ иқрор кард, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳанӯз ҳам тавони муқовимати шадидро дорад.

ИМА ва дигар аъзои Эътилофи байнулмилалӣ рӯзи 2 июн тарҳи Ироқ барои озод кардани қаламраҳои аз сӯи ДИИШ ишғолшударо пазируфтанд. Аз ин пеш нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ аъзои Эътилофро дар он иайюдор намуд, ки онҳо дар мубориза бо ДИИШ ба Бағдод ёрии кофӣ намерасонанд.

XS
SM
MD
LG