Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини фармондеҳи нави нерӯҳои дохилии ВКД


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сарҳанг (полковник) Бобозода Хисрав Хоркаш фармондеҳи нави Раёсати қушӯнҳои дохилии ин вазорат таъин шудааст. То ин вақт фармондеҳи нерӯҳои дохилии ВКД Хуршед Муҳаммадзода буд, ки ҳоло сардори ОМОН таъин гардидааст. Хисрав Бобозода 41-сола буда, маълумоти олии низомӣ дорад. Ӯ дар вазифаҳои гуногун дар Вазорати дифоъ кор карда, ба ҳайси сардори ситод, сардори сарситоди Қӯшунҳои дохилии Вазорати умури дохилӣ ва муовини аввали фармондеҳ низ фаъолият доштааст.

XS
SM
MD
LG