Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони дифои СПАД ба Душанбе меоянд


Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз зӯҳри 3 июн вазирони дифои кишварҳои узви СПАД вориди шаҳри Душанбе мешаванд. Фаридун Маҳмадалиев, сӯхангӯи вазорати дифои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "тибқи барнома вазирони дифои Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон нимаи дуюми чоршанбе барои иштирок дар нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Тоҷикистон хоҳанд омад."

Ба гуфтаи Маҳмадалиев, ҳамаи вазирони дифои кишварҳои узви СПАД ҳузурашон дар нишасти Душанберо тасдиқ кардаанд ва умед аст, ки нишасти Шӯрои вазирони дифоъ 4 июн дар ҳайати комил баргузор шавад. Ба ин тартиб, тибқи барномаи нишаст, нахуст Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон вазирони дифои кишварҳои узви СПАД-ро дар “Кохи Миллат” ба ҳузур мепазирад. Сипас, нишасти Шӯрои вазирони дифои СПАД дар толори “Кохи Сомон”, воқеъ дар Бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад.

Густариши ҳамкориҳои низомӣ ва таъмини суботу амният дар пасманзари таҳаввулоти ахир дар минтақа, ба хусус фаъол шудани гурӯҳи терористӣ ва ифротгарои “Давлати исломӣ” аз масоили меҳварӣ дар ин нишаст унвон мешавад. Натоиҷи ин нишаст дар як нишасти матбуотӣ бо ширкати хабарнигорони расонаҳои дохил ва хориҷи Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Ҳамчунин қарор аст, мулоқоти дуҷониба миёни вазирони дифои кишварҳои узви СПАД сурат бигирад.

Дар ин робита дидору гуфтугӯи Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу, вазирони дифои Тоҷикистон ва Русия низ дар назар аст ва ҳатто дар поёни ин музокирот, санадҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар арсаи низомӣ ва низомӣ – фаннӣ ба имзо мерасад. Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви Созмони паймони Амнияти Дастҷамъиянд.

XS
SM
MD
LG