Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 26 муҳоҷир дар як сохтмони Русия


Мақомоти Русия аз сохтмони як бинои баландошёна дар ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Ярославли Русия 26 муҳоҷири хориҷиро бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои кору иқомат дар ин кишвар дастгир кардаанд. 11 нафари онҳо аз Тоҷикистн, 8 тан аз Узбакистон ва 7 нафари дигар аз Қирғизистон будаанд. Дар ҷараёни тафтиши асноди муҳоҷирон 43 нафари дигарро ба маблағи дуҳазоррублӣ ҷарима бастаанд. Аммо ба 26 дастгиршуда эҳтимоли ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Мақомот мегӯянд, корфармои ин муҳоҷиронро низ ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашонд.

XS
SM
MD
LG