Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон – мизбони мусобиқаи минтақавии шоҳмот


Сӯҳроб Ҳамдамов, қаҳрамони феълии Тоҷикистон оид ба шоҳмот
Сӯҳроб Ҳамдамов, қаҳрамони феълии Тоҷикистон оид ба шоҳмот

​Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Марказӣ барои аввалин бор дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Марказӣ, ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон барпо мегардад, шатранҷбозони шаш кишвари минтақа - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон – ширкат хоҳанд кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, рӯзи 2-юми июн хабар дод. Вай афзуд, “ин мусобиқаи қитъавӣ, ки бо ширкати ҳудуди 50 шатранҷбоз (мардону занон) аз 4 то 12 июн дар Осоишгоҳи Хоҷаобигарм, 60-километрии шимоли Душанбе, барпо мегардад, марҳилаи аввали қаҳрамонии шоҳмоти ҷаҳон маҳсуб мешавад. Дар сабқати мардон иштироки ҳафт гроссмейстери байналмилалӣ ё бузургустод ва дар

Илҳом Юнусов
Илҳом Юнусов

сабқати занон се гроссмейстер дар назар аст. Аз рӯи натоиҷи сабқати мардон ду нафар беҳтаринҳо ва ғолиби сабқати занон ба даври баъдии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ меёбанд”.

Ба иттилои ҷаноби Юнусов ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 15 нафар шомиланд, ки ду нафарашон – Надежда Антонова ва Мутриба Ҳотамӣ – дар сабқати занон ширкат меварзанд. Дар сабқати мардон Тоҷикистонро 13 нафар намояндагӣ мекунанд, ки дар байни онҳо шатранҷбозони пуртаҷриба, устодони байналмилалӣ Сӯҳроб Ҳамдамов, қаҳрамони феълии кишвар ва Ҷамшед Исоев ҳастанд. Инчунин ба ҳайати мунтахаби кишвар шатранҷбозони ҷавон, аз қабили Алишер Каримов, Аминҷон Қобилов, Андрей Онишенко, Шафиқ Карамшоев, Сулаймон Оймаҳмадов ва дигарон шомиланд.

Ба гуфтаи Илҳом Юнусов, солҳои ахир дар Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати кишвар ба рушди шоҳмот таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад. Ин мусобиқаи минтақавӣ бо кӯмаку дастгирии Давлаталӣ Саид, муовини аввали Нахуствазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Федератсияи шоҳмоти кишвар мебошад, доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG