Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои Русия дар бораи суқути ҳавопаймои Малайзия


Михаил Малишевский -ихтироъкунандаи мушаки зидди ҳавоии Бук мегӯяд, ки ширкати онҳо расидагӣ ба суқути ҳавопаймои парвози MH17 ширкати ҳавопаймоии Малайзияро ба поён расондааст ва ба хулосаи расидааст, ки ин ҳавопаймо бо сохти кӯҳнаи мушакҳои Бук зада шудааст.

Михаил Малишевский-мушовири мудири кулли ширкатҳои давлатии Алмаз-Антей 2 июн дар ин бора дар нишасти хабарие дар Маскав сӯҳбат кард.

Ба гуфтаи вай, сохти кӯҳнаи мушакҳои Бук то ҳол дар артиши Украина истифода мешавад, вале дар Русия онҳо аз истифода баромдаанд. Малишевский мегӯяд, ки таҳлилҳо ва хулосаҳои онҳо бар асоси аксҳои мавҷуда бароварда шудааст.

Тобистони соли гузашта ин ҳавопаймои Малайзия бо 298 сарнишин дар шарқи Украина суқут кард ва тахмин зада мешуд, ки онро бо мушаки замин ба ҳавои Русия задаанд.

XS
SM
MD
LG