Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷике дар Ярослав худро ба дор кашидааст


Хабаргузории Интерфакси Русия гузориш додааст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар рустои Усти ноҳияи Ярослав худро дар ҷои кораш ба дор кашидааст. Вай дар сохтмон кор мекардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати тафтишоти вилояти Ярослав хабар додааст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, тахмин зада мешавад, ки ин шаҳрванди 22 солаи Тоҷикистон дар сохтмони як хона корҳои ниҳоиро анҷом медодааст ва пештар дар бораи худкушӣ ба касе чизе нагуфтааст.

Дар бораи худкушӣ нома ё ёддоште ҳам нагузоштааст. Ҷасади вайро як ҳамкораш пайдо кардааст. Ҳоло тафтиши ин худкушӣ идома дорад ва сабабҳову шароити худкуширо таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG