Пайвандҳои дастрасӣ

ФИФА: Валке дар пардохти $10 млн даст надорад


Ҷероме Валке

Ҷероме Валке

ФИФА рад мекунад, ки Ҷероме Валке-дабири кулли ин ниҳод дар пардохти 10 миллион доллар даст надорад. Ин масъала яке аз мавзӯъҳои аслиипарвандаи Амрико дар бораи ришвахории ФИФА ба шумор меравад.

Дар изҳороте, ки ФИФА 2 июн нашр кард, гуфта мешавад, ки Ҷероме Валке ҳеҷ нақше дар пардохти ин пулҳо надорад, пулҳое ки санади он аз тарафи раиси Кумитаи молии ФИФА имзо шуда буд.

Ба навиштаи New York Times, мақомоти интизомии Амрико бар ин боваранд, ки Валке соли 2008 ин пулҳоро ба ҳисоби бонкие гузаронд, ки дар ихтиёри Ҷак Ворнер-мақоми баландпояи ФИФА буд. Ҳоло Ворнер дар Амрико барои ришвахорӣ гунаҳгор дониста мешавад.

Бозрасони Амрико бар ин боваранд, ки ин пулҳо чун ришва дода шуда буд ва бояд аъзои дигари ФИФА дар ивази ин ришва бозиҳои соли 2010 Қаҳрамонии Ҷаҳонро ба Африқои Ҷанубӣ медоданд.

XS
SM
MD
LG