Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои уламо ДОИШ-ро "ҳаром" ва ҷиҳоди тоҷиконро "гуноҳи кабира" гуфт


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як фатвои нав гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро "ҳаром" ва ширкати шаҳрвандони кишварро дар ҷангҳои Ироқу Сурия "гуноҳи кабира" номид.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури фатвои нав ДОИШ ё гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро ҳаром эълон кард. Ин фатво ҳанӯз 27 майи соли ҷорӣ содир шуда, аммо рӯзи 2 июн дар торнамои расмии Шӯрои уламо нашр гардид ва масъулонаш ҳам гуфтаанд, қарори онҳо "дар асоси ояҳои Қуръон, ҳадисҳои паёмбар ва дигар сарчашмаҳои шаръӣ" гирифта шудааст.

Шӯрои уламо, инчунин, шомил шудани ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва иштирокашон дар "ҷиҳод"-ро хилофи аҳкоми шариат ва "гуноҳи кабира" номида, гуфтааст, "резонандани хуни ба ғайриҳақ дар рӯзи Қиёмат мустаҳиқи азоби дарднок мегардад".

Ин танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло мисли "Давлати исломӣ" дар ҷаҳон равияҳои нав пайдо шудаанд, ки худро ҳомии дини Ислом муаррифӣ карда, "аммо дар асл зери ниқоби дин амалҳои зишту зиддиисломӣ ва зиддиинсонии худро амалӣ месозанд". Дар шарҳи ин фатвои худ Шӯрои уламо даҳ далели зидди "Давлати исломӣ" буданашро ҳам баён кардааст, ки дар зинаи аввали он “такфир, яъне кофир эълон намудани нафароне, ки ҳамақидаи онҳо нестанд” қарор дорад.

Ба дунбол, Шӯрои уламо “таҷовуз ба номуси занону духтарони мусалмонҳо, қатли ом, бераҳмона сар задани занону духтарон, аз байн бурдани миллатҳо, оташ задани хонаи мусулмонон, таркондани масҷидҳо, ғулом намудани занону кӯдакон, истифодаи тамоми намудҳои аслиҳа бар муқобили мусулмонон, талаву тороҷи мардум ва аз номи Ислом даъват ва гумроҳ намудани ҷавонон...”-ро низ ҳамчун далел овардааст.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар охири фатвояш хилофат будани "Давлати исломӣ"-ро низ беасос хонда ва гуфтааст, "дар Ислом эълони хилофат бидуни гузаронидани шӯро ҷоиз нест. Ҳеч шахс ё гурӯҳ ҳақ надорад бидуни далелҳои шаръӣ ва гузаронидани Шӯрои мусулмонон хилофат созад ва худро халифа эълон намояд. Эълони хилофат бе иҷмои мусулмонон ва ризоияти онҳо фитна мебошад, зеро аксари мусулмонони дигарро, ки бар он мухолифанд, аз доираи хилофат берун мегузорад."

Ин фатвои Шӯрои уламо дар ҳолест, ки 28 майи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон эълон кард, гурӯҳҳои "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ан-Нусра"-ро расман ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил намудааст. Як масъули додгоҳии Олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин ҳалнома 14 апрели соли 2014 содир шудааст ва аммо ҳоло тасмим шудааст, онро эълон доранд.

"Давлати Исломӣ" ва "Ҷабҳат-ан-Нусра" бино бар амалкардҳои худ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон созмони террористӣ шумурда мешаванд, вале шомил кардани онҳо ба феҳристи созмонҳои террористӣ як расмиёти ҳуқуқист, ки давлатҳо барои фароҳам кардани шароити ҳуқуқии муҷозоти пайравони ин ё он ҷунбишу ҳаракат анҷом медиҳанд.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии "Ал-Қоида" ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон бо қатли омми мухолифонаш маъруф аст ва иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи "хилофати воҳиди исломӣ"-ст. Аммо бисёре аз кишварҳои дунё ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ мешуморанд ва алайҳи “Давлати исломӣ” таҳти раҳбарии Амрико як эътилофи низомӣ таъсис ёфтааст. Ин эътилоф аз моҳи августи соли 2014 ба ин тараф пойгоҳҳои «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқро таҳти ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додааст.

Дар Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқро зери 400 нафар баршумурда, «Давлати исломӣ»-ро як манбаи таҳдид ба амнияти ин кишвар медонанд. Аммо худи ҷангиёни тоҷик борҳо дар наворҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, сафи худро бештар аз ҳисобҳои мақомот дониста ва гуфтаанд, кори онҳо бо Ироқу Сурия тамом намешавад. Ахиран Гулмурод Ҳалимов, полковники ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам эълон кард, ба “Давлати исломӣ” пайвастааст ва ҳушдор дод, ки бо “ҷиҳод” ба Тоҷикистон бармегардад.

То кунун Ҳаракати Исломии Узбакистон, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Салафия, Ҷамоаи таблиғ, "Ихвонулмуслимин", Ҳизб-ут-Таҳрир ва "Гурӯҳи 24" низ дар Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ ва ифротгароӣ шинохта шуда, пйаравонашон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

XS
SM
MD
LG