Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз киштии ғарқшуда танҳо 13 нафарро наҷот додаанд


Матбуоти давлатии Чин гузороиш додааст, ки аз 458 мусофире, ки дар киштии мусофирбари Чин нишаста буданд, танҳо 13 нафар наҷот дода шудаанд. Ин киштӣ 1 июн дар дарёи Янгтсӣ ба мусибат дучор шуд.

Дар миёни 13 нафари наҷотёфта фармондеҳи киштӣ ва муҳандиси он низ будаанд ва онҳо гуфтаанд, ки тундбод хестааст ва киштӣ чаппа ва хеле зуд ғарқ шудааст.

Ин ду нафарро ба боздоштгоҳи пулис бурдаанд.Мегӯянд, ки то муддате баъзе аз мусофирон аз дохили киштӣ садо баланд мекарданд ва кӯмак мехостаанд.

Дар миёни мусоҳфирон 406 нафар сайёҳон будаанд, ки синнашон аз 50 то 80 сола будааст. Ин саёҳатро як ширкати Шонгҳой ва 47 нафар кормандони киштӣ ташкил кардаанд.

XS
SM
MD
LG