Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Узбакистон Елена Урлаеваро таҳқир кард


Аделаида Ким ва Елена Урлаева (акс аз бойгонӣ)

Аделаида Ким ва Елена Урлаева (акс аз бойгонӣ)

Елена Урлаева-яке аз фаъолони шинохтаи ҳуқуқи башари Узбакистон мегӯяд, ки кормандони пулис вайро боздошт ва таҳқири ҷинсӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки вай дар бораи кори маҷбурӣ барои ҷамъоварии пахта дар Узбакистон далелҳо гирд овардааст.

Урлаева-раҳбари як созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари Узбакистон дар номаи электронии худ навиштааст, ки вайро 31 май дар шаҳраки Чиноз дар 60 километрии ҷануби ғарби Тошканд боздошт кардаанд.

Вайро ҳангоме боздошт кардаанд, ки омӯзгоронро ҳангоми кори маҷбурӣ дар заминҳои пахта аксбардорӣ мекард ва аз онҳо мусоҳиба мегирифт.

Урлаева мегӯяд, ки баъд аз боздошт вайро ба бахши пулис овардаанд ва дар он ҷо аз вай дар бораи аксҳо пурсидаанд ва флешкаи аксҳоро ҷустуҷӯ мекарднд. Сипас онҳо пизишконро даъват карданд ва либосҳояшро аз танаш берун оварданд, то дар дохили аъзои баданаш флешкаро пайдо кунанд.

Урлаева 58 сола аст ва дар миёни созмонҳои ҳуқуқи башари байналмиллалӣ аз эътибори хос бархурдор аст. Тақрибан ду даҳсола аст, ки вай ба таври ошкоро дар бораи нақзи ҳуқуқи башар аз тарафи ҳукумати Ислом Каримов, аз ҷумла дар бораи кори маҷбурии кӯдакон дар ҷамъовари пахта садо баланд мекунад.

XS
SM
MD
LG