Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон кай конвенсияи ҳуқуқи маъюбонро имзо мекунад?


Сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, талош хоҳад кард, ки дар барномаи сафари қарибулвуқӯи дабири кулли СММ Бан Ки Мун ба Душанбе, масъалаи дохил шудани Тоҷикистон ба конвенсияи ҳуқуқи маъюбон ва баррасии ин масъала дар мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмонро ворид намоянд. Ин матлабро Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон рӯзи 2 июн зимни мизи гирди созмонҳои ғайридавлатии кӯмак ба маъюбон, ки бо ибтикори сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуд, баён дошт. Хонум Эллиотт дар ин нишаст гуфт, ки ворид шудани Тоҷикистон ба конвенсияи ҳуқуқи маъюбон барои зиндагии шоистаи ин табақаи ниёзманди ҷомеа, мусоидат мекунад ва барои амалӣ шудани он сармоя лозим аст. Вай гуфт, ки сафорати Амрико дар ин росто барои бунёди толорҳои варзишӣ барои маъюбони тоҷик кӯмак кардааст. Дар ин нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон ҳарчанд биноҳо, мактабҳо ва боғчаҳои зебо сохта мешавад, аммо аксари онҳо барои истифодаи маъюбон шароит надоранд. Дар ҳоли ҳозир 15 дарсад аҳолии ҷаҳон аз навъҳои гуногунӣ маъюбӣ ранҷ мебаранд, ки Тоҷикистон аз он истисно нест.

XS
SM
MD
LG