Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои дӯстонаи рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар ҶҶ-2018


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

​Рақибони мунтахаби футболи Тоҷикистон – тимҳои миллии Урдун ва Бангладеш – бозиҳои дӯстона анҷом доданд.

Рақибони мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 – тимҳои миллии Урдун ва Бангладеш – бозиҳои дӯстона карданд. Бозии дӯстонаи мунтахаби Урдун дар шаҳри Ирбид бо тими миллии Лубнон бо ҳисоби мусовии 0-0 хотима ёфт.

Мунтахаби Урдун, ки рӯзи 1 июн ба Туркия сафар кард, дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар ин ҷорӯзи 5 июн бо мунтахаби Кувайт бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, бозии даври аввали марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Урдун 11 июн соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад.

Мухлисоне, ки ба тамошои ин бозӣ меоянд, имкони бурди мошини «Мерседес-Бенс»-ро доранд. Ба ҷуз мошин, телефони «iPhone 6» ва планшети «iPad» бурдҳои лотерея мебошанд. Нархи билетҳои маъмулӣ, ки аз 6 июн ба фурӯш бароварда мешаванд, 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Тамшобинон бо ин билетҳо, инчунин дар бозии лотерея иштирок мекунанд.

Рақиби дигари мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В» — мунтахаби Бангладеш - дар майдони худ бо тими миллии Сингапур бозии дӯстона кард. Ҳисобро дар ин бозӣ бангладешиҳо кушоданд, вале баъдан аз дарвозаашон ду тӯб сар дода, мағлуб гаштанд – 1-2. Имрӯз, 2 июн, футболбозони Бангладеш дар майдони худ бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунанд.

Бояд гуфт, ки бозии мунтахаби Бангладеш бо тими миллии Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 рӯзи 16 июн дар шаҳри Дакка баргузор мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар бо раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар айни ҳол дар урдугоҳи Академияи футболи бошгоҳи «Истиқлол», воқеъ дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, тамрин мекунад.

Ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста барои омодагӣ ба бозиҳои даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо тимҳои миллии Урдун ва Банладеш 26 бозигар - 3 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват шудаанд. Ба дархости даста танҳо 23 бозигар дохил мешавад.

Аз ҳама бештар - 16 нафар аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе даъват шудаанд. Инчунин 8 нафар аз бошгоҳҳои дигари лигаи олии кишвар мебошанд. Ба бозиҳо муқобили тимҳои Урдун ва Бангладеш ду легионер – ҳимоятгарон Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия) ва Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон) даъват шудаанд.

Ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванкулов, Ҷаҳонигр Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Алишер Сафаров (ҳама – «Истиқлол»), Қувватбек Равшанбеков («Вахш»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун. Соати 20:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун– Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG