Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси комиссия барои Рамазон ва закот


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барои дақиқ кардани рӯзи аввали моҳи Рамазон ва Иди фитр як комиссияи махсус таъсис додааст. Ба иттилои масъулони ин ниҳод, раҳбарии комиссияро Абдулбасир Саидов бар ӯҳда дорад ва натиҷаи таҳқиқи онҳо ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Ин комиссия, инчунин, меъёри садақаи Фитр ва закотро эълон мекунад. Шӯрои уламо мегӯяд, умед дорад, мусалмонҳои Тоҷикистон аз тақвиме, ки онҳо пешниҳод мекунанд, истифода хоҳанд бурд. Ҳар сол дар Тоҷикистон дар бораи рӯзи аввали моҳи Рамазон ва Иди Фитр баҳсҳо рӯ мезанад ва бархе аз сокинон бо пайравӣ аз кишварҳои арабӣ моҳи Рамазонро як рӯз пештар аз тақвими Шӯрои уламои Тоҷикистон оғоз карда, ҳамин тавр, Иди Фитрро низ як рӯз пештар ҷашн мегиранд.

XS
SM
MD
LG