Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Турсунзода як зан шавҳарашро бо корд захмӣ кард


Як зани 37-солаи сокини шаҳри Турсунзода ба иттиҳоми расонидани зарари ҷисмонӣ ба шавҳараш, боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, гумонбаршуда рӯзи якшанбеи 31 май бо шавҳараш дар манзили истиқоматиашон вориди муноқиша шуда ва бо корд дар қисмати шикамаш зарба задааст. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа шавҳари ин зан ҷароҳат бардошта ва ба бемористон интиқол дода шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки алайҳи ин зан парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG