Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Милали Муттаҳид теъдоди қурбониён дар низоъ дар шаврқи Украинаро беш аз 6400 нафар гуфтааст – тайи моҳҳои ахир дар бархӯрдҳо миёни низомиёни украинӣ ва ҷудоихоҳони рустабор дасти кам 300 нафари дигар ба ҳалокат расиданд.

Дар гузориши Идораи СММ дар умури ҳуқуқи башар, ки рӯзи 1 июн нашр шуд, омадааст, шурӯъ аз миёнаҳои моҳи апрели соли гузашта ва бо вуҷуди оташбаси моҳи феврал дар Минск ҳосилшуда, дар шарқи Украина 6417 нафар, аз ҷумла, 626 зану духтар ҷон бохта, 15 962 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Муаллифон гуфтаанд, ки теъдоди воқеъии кушташудагону маҷрӯҳон шояд бештар аз ин рақамҳо бошад.

Дар гузориш омдааст, ки аз низоъ дар шарқи Украина тақрибан 5 миллион нафар осеб дидаанд, аз ҷумла, як миллиону 200 ҳазор нафари онҳо барои тарки манзилашон маҷбур шудаанд.

XS
SM
MD
LG