Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби сомонӣ аз оғози сол 25 фоиз коҳиш ёфтааст


Бино ба ҳисоби хабаргузории беларусии БелаПАН, аз оғози соли 2014 қурби расмии пулҳои миллии ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ дар муқобили доллари Амрико пойин рафтааст. Аз ин миён танҳо рубли Приднестровйе истисност, вале на худи ин вилояти ҷудоихоҳи Молдова ва на пулашро ягон давлат эътироф намекунад. Ба ҳисоби БелаПАН, аз 1 январ то 31 майи соли 2015 бештар аз ҳама – 33,78 фоиз – қурби манат, пули миллии Озарбойҷон дар муқобили доллар коҳиш ёфтааст. Қурби гривнаи Украина 33,48 дарсад ва рубли Беларус 25,65 фоиз пойин рафтааст. Аз нигоҳи мизони уфти қурби пулҳои миллӣ сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон – дар миёнаи 15 кишвари Шӯравии собиқ – бо 18,1 фоиз уфт дар ҷои 7-ум будааст. Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон имрӯз 6 сомонию 26 дирамро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки дар оғози сол як доллар дар ин кишвар 5 сомонию 30 дирам буд. Имсол дар муқобили доллар камтар аз ҳама – 1,26 дарсад- қурби соми Қирғизистон афтидааст. Як доллар дар ибтидои сол 58,14 сом буд ва имрӯз - 58,88 сом.Яъне тақрибан бидуни тағйир.

XS
SM
MD
LG