Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи як узви Ҳизб-ут-таҳрир аз Русия


Мақомоти ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – дар вилояти Тула Ш.Султонов ном шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи ифротӣ дастгир кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, Ш.Султонов қаблан ба далели иртиботаш бо созмони “Ҳизб-ут-таҳрир”, ки фаъолияти он дар қаламрави Русия манъ шудааст, аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шуда буд. Додгоҳ Султоновро 3000 рубл ҷарима баста, ҳукми берун карданаш аз ҳудуди Русияро содир кардааст. Расонаҳои Русия менависанд, ки ин шаҳрванди Тоҷики стонро аллакай ихроҷ кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG