Пайвандҳои дастрасӣ

“Помир” пешакӣ ба ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон баромад


Дастаи футболи “Помир”-и Душанбе пешакӣ ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.

Дар аввалин бозиҳои даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон, ки 31 май баргузор шуданд, дар минтақаи Душанбе «Чашма» (Шаҳритус) дар меҳмонӣ бар «Ҳулбук» (Восеъ) бо ҳисоби 2:0, «Саройкамар» (Панҷ) дар майдони худ бар «Ҳосилот» (Фархор) бо ҳисоби 4:3, «Кӯктош» (Рӯдакӣ) дар сафар бар «Локомотив» (Душанбе) бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд.

Вале бозии «Помир» (Душанбе) бо «Зарафшон» (Панҷакент) доир нашуд. Зеро ки футболбозони Панҷакент ба Душанбе наомаданд. Бинобар ин “Помир” бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд ва ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар минтақаи Суғд бошад, «Исфара» (Исфара) бар Маркази тайёрии олимпии Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ва «Эсхата» (Хуҷанд) бар «Канд» (Конибодом) бо ҳисоби 4:3 ғалаба карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои даври пешакӣ дар ду минтақа – Душанбе ва Суғд ҷараён доранд. Аз рӯи натоиҷи бозиҳо боз се даста аз минтақаи Душанбе ва ду даста аз минтақаи Суғд ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбанд.

Ҷоми Тоҷикистон-2015

Даври пешакӣ. Бозиҳои аввалин

31 май (якшанбе)

Минтақаи Душанбе

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Чашма» (Шаҳритус) - 0-2

«Помир» (Душанбе) – «Зарафшон» (Панҷакент) – 3-0 (техникӣ)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳосилот» (Фархор) – 4-3

«Локомотив» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 0-2

Минтақаи Суғд

«Исфара» (Исфара) – МТО (Хуҷанд) – 1-0

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Канд» (Конибодом) – 4-3

Даври пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

7 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:30

Минтақаи Душанбе

«Чашма» (Шаҳритус) — «Ҳулбук» (Восеъ)

«Ҳосилот» (Фархор) — «Саройкамар» (Панҷ)

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) — «Локомотив» (Душанбе)

Минтақаи Суғд

МТО (Хуҷанд) — «Исфара» (Исфара)

«Канд» (Конибодом) — «Эсхата» (Хуҷанд)

Даври пешакӣ. Бозиҳои аввалин

Минтақаи Душанбе

10 июн (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Локомотив»/«Кӯктош» — «Панҷшер»

Даври пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

17 июн (чоршанбе)

«Панҷшер» — Ғолиби ҷуфти «Локомотив»/«Кӯктош»

XS
SM
MD
LG