Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳимзода бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Эрон


Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи душанбе бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Эрон мулоқот кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо генерал-майор Қосим Ризоӣ оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмиллалӣ, мубодилаи иттилоот ва амнияти марзӣ, баҳсҳо сурат гирифтааст. Дар ин дидор ҳамчунин масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот дар самти қочоқи маворди мухаддир, баррасӣ шудааст. Мулоқоти мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Эрон дар ҳоле баргузор мешавад, ки ахиран гурӯҳи "Давлати исломӣ" доираи фаъолияти худро дар минтақа густариш дода ва то ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон дар вилоятҳои шимолии Афғонистон расидааст.

XS
SM
MD
LG