Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озмуни ”Осорхона-оинаи таърих” осорхонаҳои беҳтаринро дар вилояти Хатлон муайян намуд. Ин озмун бо ташаббуси осорхонаи таърихию кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” миёни осорхонаҳои шаҳру навоҳии ин вилоят баргузор шуд. Аз осорхонаи вилоятии “Авасто” ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории озмун муайян кардани осохонаи беҳтарин ва ҷалби бештари мардум ва ошноӣ ба осори гаронбаҳои мардуми тоҷик будааст. Тибқи иттиилои осорхонаи “Авасто” дар ин озмун 14 осорхона ширкат карданд ва ҷойи аввал ба осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Фархор муносиб дониста шуд. Ҷойи дуюм насиби осорхонаи кишваршиносии ноҳияи Ховалин шуд ва ҷои савумро ба осорхонаи шаҳри Қурғонтеппа ва Қубодиён сазовор донистанд. Осорхонаҳои беҳтарин, ки дар ин озмун иштирок доштаанд, аз 200 то 500 сомонӣ ҷоизаҳои молӣ гирифтаанд. Баргузории озмуни осорхонаи беҳтарин дар Хатлон дар ҳолест, ки дар аксари шаҳру навоҳӣ осорхонаҳо дар ҳолати ногуворӣ корӣ қарор дошта, барои нигоҳдории осори қадимаю нодир, имкон надоранд.

XS
SM
MD
LG