Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мешков: "Рӯйхатти сиёҳ" ангезаи сиёсӣ надорад


Алексей Мешков

Алексей Мешков

Намояндаи вазорати умури хориҷии Русия дар посух ба иттиҳоми Брюссел дар мавриди норӯшаниҳо дар таҳияи “рӯйхатти сиёҳ”-и шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки тасмим дар бораи ҳар нафар дар алоҳидагӣ ва бо далели мушаххас гирифта шудааст.

Алексей Мешков, муовини вазири умури хориҷии Русия, рӯзи 1 июн изҳор намуд, ки ҷузъиёти тасмимро ошкор нахоҳад кард, аммо афзуд “дар робита ба ҳам нафар тасмими алоҳида гирифта шуда, дар бораи шомил карданашон ба ин рӯйхат шарҳи мушаххас мавҷуд аст”. Ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷии Русия, таҳияи "рӯйхати сиёҳ" ангезаи сиёсӣ надорад.

Ахиран Маскав 89 сиёсатмадор ва низомии баландпояи 17 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупоро ба “рӯйхати сиёҳ” шомил кард - вуруди ин афрод ба қаламрави Русия мамнӯъ аст. Ин рӯйхат рӯзи 30 июн дар ихтиёри Брюссел гузошта шуд.

Иттиҳодияи Аврупо ин феҳристро “беасос” ва “ғайриқрнунӣ” номид. Хадамоти аврупоӣ оид ба умури беруна дар изҳороташ навишт, ки Русия далелҳо ва меъёрҳои тасмимгирияш дар робита ба мансабдорони ворид ба рӯйхатро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG