Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ки бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар минтақаи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон як мансабдори маҳаллӣ кушта шудааст.

Таркиш рӯзи 1 июн дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки мансабдор Форуқ Вазир савори мошин аз мавзеъи Роғзайи Вазиристони Ҷанубӣ убур мекард. Дар ин ҳодиса ду нафар аз ҳамсафарони Форуқ Вазир ҳам кушта шудаанд.

Шурӯъ аз моҳи июни соли гузашта артиши Покистон амалиёти густурда алайҳи мавқеъҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи тундрави дохиливу хориҷӣ дар минтақаи ҳамсоя – Вазиристони Шимолиро идома медиҳанд.

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки ин гуна амалиётро дар дигар манотиқи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон ва дигар қисматҳои кишвар ҳам роҳандозӣ хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG