Пайвандҳои дастрасӣ

"Чаррас", "муғчалонӣ" ва 10 навъи дигари ангури Тоҷикистон дар ҳоли нобудиянд


Донишмандони тоҷик мегӯянд, ки беш аз 10 навъи нодир ва серҳосили ангур дар Тоҷикистон зери хатари нобудшавӣ қарор доранд.

Шакарангур, чаррас, муғчалонӣ, соҳибӣ ва ҳамин тавр 10 навъи ангурҳои лазиз ва серҳосили Тоҷикикистон зери хатари нестшавӣ афтодааст. Ин хулосаи таҳқиқоти донишмандони Маркази биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Бар асоси ин таҳқиқот, аз 200 навъи ангурҳои дар Тоҷикистон маълум, феълан каме бештар аз 100 навъ парвариш мешавад ва навъҳои серҳосил ва лазизи он ангуштшумор аст.

Ба эътиқоди Рустам Қаландаров, корманди Маркази биотехнологӣ, яке аз сабабҳо нестшавии навъи ангурҳо ин аст, ки вақте токҳо пир мешаванд, онро ба ҷои қаламча карданд, бурида мепартоянд. Ҳамчунин ба бовари ин донишманди тоҷик, сабаби дигар шеваи нодурусти нигоҳубини токҳо аст, зеро мардҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ва занҳо аз ӯҳдаи нигоҳубин намебароянд ва токҳои ангури нодир бемор шуда, хушк ва нобуд мешавад.

Дар озмоишгоҳ ва парваришгоҳи Маркази биотехнологии Донишгоҳи милллии Тоҷикистон тақрибан 90 навъи ангурҳо, парвариш мешавад. Аксари навъи он ангурҳо маҳаллианд ва таркибу хусусияти онҳо барои тавсеа дар манотиқи Тоҷикистон мувофиқанд.

Ҷаноби Қаландаров мегӯяд, "мо аз ҳамин навъҳои ангурҳои маҳаллӣ ба усули “меристем” дар шароити лабораторӣ зиёд мекунем. Дар ин ҷо ҳам мо аввал интихоб мекунем, ки кадом навъҳо барои ҷумҳурии мо аз нигоҳи парвариш, ҳосилнокӣ ва тиҷорату содирот мувофиқ аст. Яъне мақсади асосии мо парвариши ниҳоли беҷурму солими ангур ва афзоиш додани он аст."

Корхонаи иҷоравии “Баракат”-и ноҳияи Ҳисор дар 360 гектар замини лалмӣ боғи ангур дорад. Аз 10 навъи ангурҳои зери хавфи нестшавӣ қарордошта, дар ин корхона танҳо як навъ -- муғчалонӣ парвариш мешавад. Ин навъи нодири ангур дар киштзори корхонаи“Баракат” то 450 сентнер аз ҳар гектар ҳосил медиҳад. Дар ҳоле, ки ҳосили навъҳои маъмулии ангурзори хоҷагиҳо аз ҳар гектар 150 то 300 сентнер аст.

Абдумалик Мардонов, агрономи корхонаи иҷоравии “Баракат” мегӯяд, ки "дар инҷо боғҳои мо аз навъҳои ҳусайнӣ, тоифӣ, чашми гӯсола, чанд навъ ҳусайнӣ, дар поён муғчалонӣ, зарифии пешпазак, чанд намуд кишмиш, иборат аст. Насли ин ангурҳоро мо ҳатто аз Афғонистон оварда, худамон дар ҳаминҷо парварда, боғ бунёд намудем."

Корхонаи ангурпарварии “Баракат” дар сол то 2500 тонна ҳосили ангур ҷамъ меорад, ки тақрибан нисфи ҳосили ин корхона ба хориҷи кишвар содир мешавад. Ба қавли масъулини корхона, навъҳои ангуре дар хориҷи кишвар серхаридор аст, ки лаззат ва сифати хосу нодир доранд. Дар зимн, онҳо тасмим доранд бо кӯмаки Маркази биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бунёди боғҳои навъи ангурҳои нодирро дубора аз сар бигиранд.

XS
SM
MD
LG