Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи Ҷон Керрӣ баъди афтодан аз дучарха муътадил аст


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе баъд аз афтодан аз дучарха ҳангоми дучархасаворӣ дар наздикии марзи Фаронса дар бемористон бистарӣ шудааст. Вазъи вай муътадил аст. Вайро бо чархбол ба бемористони Донишгоҳи Женева интиқол додаанд ва ҳоло зери назари пизишкон қарор дорад.

Ин ҳодиса дар маҳале бо номи Шионзири Фаронса дар наздикии Чамоникс дар кӯҳистонҳои Алп рух додааст. Дар изҳороте, ки пахш шуд гуфта мешавад, ки пои Ҷон Керрии 71 сола ҷароҳат бардоштааст. Ҳангоми ин пешомад пизишкон ва посбонони вазир вайро ҳамроҳӣ мекардаанд ва баъд аз афтодан Ҷон Керрӣ аз ҳуш нарафтааст.

Ҷон Керрӣ рӯзи шанбе бо Муҳаммад Ҷавод Зариф-ҳамтои эронии худ дар Женева роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон музокира анҷом дод. Қарор буд ин музокирот 31 май низ идома ёбад, вале барои он зарурат боқӣ намонд, зеро ҷониби Эрон дархостҳои Ғарбро дар бораи расидагии таъсисоти ҳастаӣ қабул накард.

XS
SM
MD
LG