Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Ашраф Ғанӣ ба раҳбарони Покистон


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон ба раҳбарони Покистон нома навиштааст ва аз онҳо хостааст, ки бар зидди шӯришиёни Толибон тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Бино ба хабарҳо, номаи Ғанӣ ҳафтаи гузашта фиристода шудааст ва аз раҳбарони Покистон хостааст, ки барои хотима додан ба ҳузури амни Толибон дар хоки Покистон амал кунад ва ҳачунин барои мубориза бар зидди Толибон дар дохили Афғонистон аз Исломобод кӯмак хостааст.

Як нусхаи номаи Ғанӣ ба Радиои Озодӣ расидааст. Ин нома баъд аз он нашр шуд, ки маҳофили Афғон аз ҳукумат интиқод намудаанд, ки дар бораи маълумоти кашф бо Покистон доду гирифт мекунанд.

Моҳи ҷорӣ ниҳодҳои кашфи Афғонистону Покистон ба тавофуқ расиданд, ки барои мубориза бо Толибон маълумоти кашфро дар ихтиёри якдигар мегузоранд.

XS
SM
MD
LG