Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳзода хостори ислоҳот дар ФИФА шуд


Шоҳзода Виллиам

Шоҳзода Виллиам

Виллиам-шоҳзодаи Британия аз ФИФА хост, ки ислоҳот анҷом диҳад ва ин ислоҳот “ба нафъи бозиҳои одилона бошад ва варзишро дар мадди аввал бигзорад”.

Вай аз сармоягузорон хост, ки ба ФИФА фишор оранд, то ислоҳот анҷом диҳад. Ин дар ҳолест, ки дар аввали ин ҳафта 7 мақоми ин ниҳоди варзишӣ аз тарафи вазорати адлияи Амрико боздошт шуданд ва 18 нафари дигар барои ришвахорӣ гумонбар дониста мешаванд.

Шоҳзода Виллиам бӯҳрони ФИФА-ро ба моҷарои бозиҳои олимпии Солт Лейк Ситии Амрико муқоиса кард, ки ба дунболи он дар Кумитаи Байналмиллалии Олимпӣ ислоҳот анҷом гирифта буд.

Соли 1998 Марк Ҳолдер-узви Кумитаи Байналмиллалии Олимпӣ аз Шветсария чанд нафар аз аъзои ин кумитаро ифшо кард, ки барои рай додан ба ҷонибдорӣ аз шаҳри Солт Лейк Ситӣ дар бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2002 тӯҳфаҳо гирифта будаанд.

XS
SM
MD
LG