Пайвандҳои дастрасӣ

Дар қисмати шарқии Тоҷикистон шаби шанбе ба якшанбе зилзила рух дод. Шиддати зилзила 5,4 дараҷаро ташкил додааст ва вақти он соати 1:36 дақиқаи вақти маҳаллӣ сабт шудааст.

Хадамоти ҷуғрофиёии Амрико хабар додааст, ки маркази зилизила дар 370 километрии шарқи шаҳри Душанбе дар 78 километрии Қарокӯл воқеъ будааст. Зилзила дар умқи 106 километри зери замин ба вуҷуд омадааст.

Сокинони шаҳри Душанбе низ ин зилзиларо эҳсос кардаанд. Бино ба хабарҳо, сокинони хонаҳои баландошёна аз хонаҳои худ чун дар гузаштаҳо берун набаромадаанд, зеро соати заминларза вақти хоб будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG