Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни афғон бо ДОИШ иртибот доранд?


Вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд, то ҳол далелҳое ба даст наовардааст, ки иртиботи шӯришиёни афғонро бо гурӯҳҳои “Давлати Исломӣ” ё ДОИШ собит созад. Дар ин бора Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, тамоми ононе, ки худро узви гурӯҳҳои ДОИШ медонанд, фармондеҳони пешини Толибон мебошанд. Баррасии ниҳодҳои амниятии Афғонистон идома дорад, то далелҳоеро дар бораи иртиботи шӯришиёни афғон бо гуруҳҳои тундрави “Давлати Исломӣ” дар Ироқу Сурия пайдо кунанд.

Сиддиқӣ гуфтааст, то ҳол дар расидагиҳо ҳеҷ далел ба даст наомадааст, ки иртиботи онҳоро нишон диҳад. Ба гуфтаи вай, маълумоте, ки то ҳол ҷамъоварӣ шудааст, нишон медиҳад, ки шумораи зиёди касоне, ки имрӯз ба ном гурӯҳи ДОИШ унвон мекунанд, афроде ҳастанд, ки дар гурӯҳи Толибон фаъолият мекарданд.

XS
SM
MD
LG