Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоидаҳои нави муҳоҷирати қирғизҳо ба Русия


Ҳукумати Русия пешнависи қарореро дар бораи сабуктар кардани режими муҳоҷирати корӣ бо Қирғизистон ба тасвиб расонд. Дар он гуфта мешавад, ки шаҳрвандони Қирғизистон ҳангоми вуруд ба қаламрави Русия аз сабти ном 30 рӯз озод хоҳанд буд ва ҳамин тавр шаҳрвандони Русия дар Қирғизистон.

Мӯҳлати иқомати 30 рӯзаи шаҳрвандони Қирғизистон аз лаҳзаи вуруд ба қаламрави Русия ҳисоб мешавад. Ҳангоми вуруд марзбонон дар корти муҳоҷират санаи вурудро сабт мекунанд.

Чунин муқаррароти нав дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки 8 май Қирғизистон ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё даромад.

XS
SM
MD
LG