Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони дуздии гӯштро боздошт карданд


3 шаҳрванди Қирғизистон ва чанд шаҳрванди Узбакистону Беларус дар вилояти Маскав барои дуздии гӯшт ба арзиши бештар аз 3 миллиону 712 ҳазор рубли русӣ гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Русия ба матбуот хабар додааст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, кормандони пулис мошини тамғаи «Ҳундай Портер» ва "ВАЗ-21140"-ро бозошт кардаанд, ки дар онҳо се шаҳрванди Қирғизистон нишаста буданд. Онҳо барои ин дуздӣ зери шубҳа рафтаанд.

Гузашта аз ин, дар дохили як ҷангал шаҳрвандони Узбакистон ва Беларус низ боздошт шудаанд ва онҳо низ аз аъзои ин гурӯҳ дониста мешаванд.

Бар зидди ин афрод парвандаи ҷиноятӣ боз ва расидагӣ ба ин дуздӣ оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG