Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори мудиру ноибаш аз сӯи омӯзгор


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як оӯмзгори 53-солаи тарбияи ҷисмонӣ дар шаҳри Турсунзодаро ба иттиҳоми куштори мудири яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва ҷойнишинаш боздошт кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, куштор рӯзи 29 май сурат гирифта, сабаби аслияш “вайрон шудани муносибатҳо бо роҳбарияти мактаб дар масъалаи фаъолияти кориашон” ва “хусумати шахсӣ” унвон мешавад.

Масъулони Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, “муаллими тарбияи ҷисмонӣ тахминан соати 09:30-дақиқаи 29 май аз бозор корди ошхонагӣ харида, дар ҳолати мастӣ, ҳадафмандона ба мактаб меояд. Дар утоқи корӣ бо мудири мактаб зани 51-солаи сокини Турсунзода ҷангу ҷанҷол намуда, ба қисмати гардани ӯ як зарбаи корд мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.”

Баъд аз он гумонбаршуда дар саҳни мактаб муовини мудир, зани 48-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро низ бо истифода аз корд “якчанд бор ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш задааст”. Ба иттилои масъулони ВКД, муовини мудири мактаб дар беморхона ҷон додааст. Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG