Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози хонаводаҳои қурбониён дар Кветта


Аъзои хонаводаи 20 нафаре, ки 29 май ҳангоми сафар бо автобусе дар вилояти Балуҷистон парронда шуданд, дар маркази ин вилоят дар шаҳри Кветта бар зидди набуди ҳимоят аз ҷониби ҳукумат ба эътироз нишастаанд.

Хабарнигори бахши Машъали Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳангоми сафар дар 40 километрии ҷануби Кветта афроди мусаллаҳ вориди автобус шудаанд, 20 нафарро ҷудо кардаанд ва онҳоро паррондаанд. Як нафари дигар захмӣ шудааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ин куштор ангезаи қавмӣ дошт, зеро паштунҳоро аз миёни мусофирон ҷудо кардаанд ва ба балуҷҳо кордор нашудаанд. Афроди мусаллаҳ дар тан либоси нируҳои амниятиро доштаанд.

То ҳол гурӯҳе масъулияти ин кушторро бар дӯш нагирифтааст ва мақомоти расмӣ ҷустуҷӯи қотилонро идома медиҳанд.

Пулиси Кветта эътирозгаронро пароканда кард.

XS
SM
MD
LG