Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиши маргталабона дар канори як масҷиди шиаҳо дар шарқи Арабистони Саъудӣ рӯзи 29 май чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд. Инфиҷор ҳангоми намози ҷумъа рӯх дод.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифт. Вазорати умури дохилии Арабистони Саъудӣ хабар дод, ки аз таркиш дар дохили масҷиди Ан-Ануда дар шаҳри Даммом нерӯҳои амниятӣ ҷилавгирӣ карданд – онҳо мошини шубҳанокро дар канори масҷид нигаҳ доштанд.

Як ҳафта пеш дар ҳамин гуна таркиш дар як масҷиди шиаҳои як рустои Арабистони Саъудӣ 21 нафар ба ҳалокат расида буданд. “Давлати исломӣ” масъулияти он таркишро ҳам бар ӯҳда гирфита буд.

XS
SM
MD
LG