Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни нишасти гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия оид ба муҳоҷират


Тоҷикистон ба манзури тамдиди супоридани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия ба мӯҳлати аз 30 то ба 90 рўз ҷиҳати дарёфти патент, лоиҳаи протоколи ҳамкориро таҳия ва ба ҷониби Русия пешниҳод мекунад. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 29 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмим дар поёни даҳумин нишасти гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Руссия дар масоили муҳоҷират гирфта шуд. Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Қодирӣ, ба манзури ҷилавгирӣ аз манъи вуруд ба қаламрави Русия, Тоҷикистон рӯйхати донишҷӯёни тоҷикро, ки дар қаламрави Русия таҳсил менамоянд, таҳия ва ба ҷониби он кишвар пешниҳод менамояд.

Сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, ин нишаст, ки 7 масъаларо маврид баҳсу баррасӣ қарор дод ва дар муддати ду рӯз омодагии тарафҳо ҷиҳати баимзорасонии 4 адад лоиҳаи Созишномаҳои байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷират аз ҷумла, дар бораи реадмиссия ва протоколи ҷиҳати иҷрои он, ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Руссия, дар бораи муҳоҷират, инчунин суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи шаҳрвандони тарафҳо? матраҳ шуданд.

Зимнан, даҳумин нишасти гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия дар умури муҳоҷират рӯзи панҷшанбеи 28 май дар раъси Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Владимир Яковенко, муовини раҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Руссия дар шаҳри Душанбе оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG