Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парлумони Туркманистон тағйирот ба Қонуни асосии кишварро баррасӣ мекунад, ки бар пояи он меъёри барои синни довталаби мақоми раисиҷумҳур муқарраршуда лағв хоҳад шуд

Айни ҳол фақат афроди то 70-сола ҳаққи ширкат дар интихоботи президентиро доранд. Расонаҳои хабарии Туркманистон рӯзи 29 май бо такя ба Оқҷо Нурбердиева, раиси парлумони кишвар навиштанд, ки комиссиюни вижаи Қонуни асосӣ ҳамчунин мехоҳад мӯҳлати раёсатҷумҳуриро аз панҷ то ҳафт сол тамдид кунад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин тағйирот ба раисиҷумҳури феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки алҳол 58 сол дорад, имкон медиҳанд то охири умр дар мақомаш боқӣ монад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соли 2006, баъд аз даргузашти мармӯзи раисиҷумҳури пешин Сафармурод Ниёзов, дар садри Туркманистон нишаст ва дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2012 бо дарёфти тақрибан 97 дар сади раъйҳо пирӯз шуд. Нозирони байнулмилалӣ интихоботи президентии Туркманистонро озоду одилона намехонанд.

Туркманистон, кишвари аз захираҳои газ ғании Осиёи Марказӣ, яке аз мустабидтарин давлатҳои олам маҳсуб мешавад. Таҳлилгарон бао он нукта ҳам таъкид мекунанд, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳммадов чун сарвари пешини Туркманистон ба маризии "бузургманишӣ" мутбало шудааст.

Муҷассамаи тиллоии Бердимуҳаммадов дар Ашқобод

Муҷассамаи тиллоии Бердимуҳаммадов дар Ашқобод

Рӯзи 25 май дар маркази Ашқобод, пойтахти Туркманистон, ҳайкали азими тилоии Бердимуҳаммадов гузошта шуд. Ӯ дар ин муҷассамаи 21-метрӣ савори асп тасвир шуда, дар даст кабӯтар дорад ва ин ҳайкали ӯ бо тилои 24-карата ё маҳаки 999 пӯшонда шудааст.

Дар рӯзи рӯнамоӣ аз ин муҷассама донишҷӯён пайваста шиор медоданд: "Ба ифтихори Арқадаг!", "Ҳомӣ!"

Муҷассамаи бузурги Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов то андозае ҳайкали биринҷии Пётри Кабирро дар шаҳри Петербурги Русия ба хотир меорад. Аз ин пеш Қурбонгулӣ Бердимуҳммадов муҷассамаи тиллоии Сафармурод Ниёзовро аз маркази Ашқобод ба як гӯшаи дури шаҳр бурда буд.

Зимнан, дар Туркманистон ба падари раисиҷумҳури кунунӣ Маликгулӣ Бердимуҳаммадов, ки афсари милиса буд ва бобояш – омӯзгори мактаб Бердимуҳаммад Аннаев нимпайкара гузоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG