Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти 741 муҳоҷир дар соҳилҳои Ситсилия


I
I

Дар соҳилҳои ҷазираи Ситсилияи Италия дар баҳри Миёназамин беш аз 700 муҳоҷир наҷот дода шуд. Хадамоти ҳифзи соҳилҳои Италия рӯзи ҷумъа ба Франс-Пресс хабар дод, ки киштиҳои низомии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 28 май 741 муҳоҷир аз Либияро ба ҷойи амн интиқол доданд – шаш киштӣ бо муҳоҷирон дар баҳр ба фалокат дучор шуда буданд.

Моҳи апрели соли равон Иттиҳодияи Аврупо эълом дошт, ки сармоягузории амалиёти наҷоти муҳоҷирони дар баҳр ба мушкил рӯбарӯшударо се баробар афзоиш медиҳад.

Ба иттилои СММ, тайи панҷ моҳи ахир 60 ҳазор нафар аз сокинони шимоли Африқо ба хотири дарёфти паноҳгоҳ дар Аврупо аз баҳри Миёназамин убур карданд. Бар асари ҳодисаҳои гуногун, аз ҷумла, ғарқшавии киштиҳо, тақрибан 1800 тан аз муҳоҷирон ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG