Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Габурич: Роҳи "аврупоӣ"-и Молдова зидди Русия нест


Кирил Габурич, нахуствазири Молдова, дар мулоқот бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев изҳор намуд, ки интихоби кишвараш аз роҳ сӯи Аврупо алайҳи Русия равона нашудааст.

Сӯҳбат рӯзи 29 май қабл аз ифтитоҳи нишасти нахуствазирони Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд дар шаҳраки Бурабойи Қазоқистон баргузор шуд.

Габурич аз Дмитрий Медведев барои гомҳои аввали Маскав дар роҳи лағви содироти тавлидоти кишварзии Молдова изҳори сипос кард. Маскав моҳи июли соли гузашта, баъд аз имзои бастаи созишҳои ҳамкории Молдова бо Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла, созиш дар бораи тиҷорати озод, эмбаргои тавлидоти кишварзии Молдоваро эълон кард.

Робитаҳои Маскаву Кишинёв баъд аз он сардтар шуданд, ки мақомоти Молдова дар талоши ҳамкории зичтар бо Иттиҳодияи Аврупо ва ба хотири ҷилавгирӣ аз тарғиботи расонаҳои русӣ, пахши барномаҳои шабакаи телевизионии Россия 24-ро дар қаламрави кишвар қатъ кард ва ба хабарнигорони телевизиони давлатии Русия барои вуруд ба Кишинёв иҷоза надод – хабарнигорон мехостанд аз ҷумҳурии Соҳили Днестр ва вилояти Гагаузия, ки манотиқи русгарои Молдова маҳсуб мешаванд, барномаҳо таҳия кунанд.

XS
SM
MD
LG