Пайвандҳои дастрасӣ

Муаррифии аъзои нави ҳайъати мушовараи ВКД


Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода

Рӯзи 29 май дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави ҳайати мушовараи вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тасдиқ карда шуд.

Ҳайати мушовараи идораҳои давлатии Тоҷикистон маъмулан раҳбари идора (вазир), муовини ӯ ва сардорони раёсатҳои калидиро дар бар мегирад. Аз моҳи феврал ба ин тақрибан ҳамаи муовинони Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, иваз шуданд.

Бино ба гузориши сомонаи расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳукумат ҳамчунин тарҳи тағйиру иловаҳо ба ду қонун - “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” – тасдиқ шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон ироа шудааст.

XS
SM
MD
LG