Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сюрих раиси ФИФА-ро интихоб мекунанд


Зепп Блаттер ва шоҳзода Алӣ
Зепп Блаттер ва шоҳзода Алӣ

209 вакили конгресси ФИФА – Федератсияи байнулмилалии анҷуманҳои футбол рӯзи 29 май раҳбари ин ниҳодро интихоб мекунанд. Конгресс дар шаҳри Сюрихи Швейсария идома дорад. Барои мақоми раиси ФИФА раҳбари феълӣ Зепп Блаттер ва шоҳзодаи Урдун Алӣ бинни Ал-Ҳусейн мубориза мебаранд. Бар пояи пешгӯиҳо, бо вуҷуди моҷарои марбут ба фасод дар ФИФА Блаттер метавонад бори панҷум соҳиби ин курсӣ шавад.

Додситонии кулли Швейтсария 27 май хабар дод, ки бар зидди чанд нафар аз раҳбарони ФИФА бо гумони сӯиистифода ва шустушӯи пул дар робита ба пардохти “ҷоизаҳо” дар ивази ба даст овардани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018, ки дар Русия доир мешавад ва Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки Қатар мизбонаш мебошад, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аз ин пеш ҳамон рӯз идораи адлияи Швейтсария (FOJ) аз боздошти 7 мақоми футбол бо дархости мақомоти Амрико хабар дод.

Баъд аз ин боздошт бисёриҳо хостори истеъфои Зепп Блаттер шуданд ва аммо ӯ изҳор намуд, ки мақомашро тарк карданӣ нест.

Қарор аст, ки Зепп Блаттер ва шоҳзода Алӣ дар конгресс 15 дақиқагӣ суханронӣ кунанд.

Барои пирӯзӣ дар даври аввал бояд яке аз номзадҳо аз се ду ҳиссаи раъйҳоро соҳиб шавад. Агар нафаре аз довталабҳо 140 овози заруриро дарёфт накард, дар даври дуввум номзаде пирӯз эълон хоҳад шуд, ки раъйҳои бештарро соҳиб шудааст.

XS
SM
MD
LG