Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон се ҷудоихоҳи балуҷиро, ки барои рабудани ҳавопаймо дар соли 1998 ба марг маҳкум шуда буданд, эъдом кард. Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ҳавопайморабоӣ – водор сохтани Исломобод барои қатъи озмоишҳои ҳастаӣ дар Балуҷистон буд. Ду нафар аз маҳкумшудагон – Шоҳсовар Балуҷ ва Собир Балуҷ дар шаҳри Ҳайдаробод ва Шабир Ринг дар Қарочӣ ҳалқовез шуданд.

Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал ба иҷрои ҳукми эъдом эътироз кард ва эълом дошт, ки ҳадаф аз ин қатл - бастани даҳани дигарандешон аст. Ба иттилои ин созмон, шурӯъ аз моҳи декабри соли гузашта, ки мораторий барои ҳукми эъдом лағв шуд, 140 нафар эъдом шуданд. Мораторий барои ҳукми эъдом баъд аз он бекор шуд, ки бар асари ҳамлаи толибон ба як мактаб дар шаҳри Пешовар 154 толибилм ва устодони онҳо кушта шуданд.

Гурӯҳи се нафари ҷудоихоҳни балуҷ моҳи майи соли 1998, чаҳор рӯз пеш аз аввалин озмоиши ҳастаӣ дар Покистон, дар фурудгоҳи шаҳри Гвадари Балуҷистон вориди кобинаи халабонҳои ҳавопаймо шуда, аз онҳо талаб кард, ки ба Ҳиндустон парвоз кунад. Аммо халабонҳо ба шаҳри Ҳайдаробод парвоз карданд ва баъд аз як рӯз нерӯҳои зудамал ҳавопайморабоҳоро боздошт намуданд.

Мақомоти Покистон рабт доштани ин ҳодиса ба озмоиши ҳастаиро рад намуданд ва гуфтанд, ки ҷудоихоҳон ба ин кор ба хотири дарёфти мухторияти бештар барои Балуҷистон даст задаанд.

XS
SM
MD
LG